Таъсиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар Исфара
Исфара, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Исфара аз ҳисоби 25 собиқадори соҳибтаҷриба ва барӯманди ҳизб Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки минбаъд ҳамчун мақоми ихтиёрӣ, ҷамъиятӣ ва ёрирасон фаъолияти хешро роҳандозӣ хоҳад кард. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз бахши кумитаи вилоятии ҲХДТ дар Суғд иттилоъ доданд, ҳадаф аз таъсиси Шӯрои мазкур арҷ гузоштан ба фаъолияти ибратомӯзи бисёрсола, истифодаи таҷрибаву малака ва кордонии собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои такмилу вусъати корҳои ҳизбӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори ҳизб, тарбияи аъзои ҷавони ҳизб дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқатмандӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии собиқадорони ҲХДТ маҳсуб мешавад.
Интизор меравад, ки шӯрои мазкур ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва татбиқи ғояҳои созанда ваҳадафҳои барномавии ҳизб, омода намудани тавсия ва пешниҳодҳои судманд ҷиҳати таъмини самаранокии фаъолият, дарёфти роҳи ҳаллу фасли масъалаҳои дохилиҳизбӣ ва ҳам дар пешбурди корҳои мафкуравию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ саҳми муассири худро хоҳад гузошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






