«Ҳунари ман зебост» -озмун бахшида ба Соли оила дар Хатлон

Ноябрь 2, 2015 06:44

Душанбе, 2.11.2015. (АМИТ«Ховар»).- Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шӯрообод бо иштироки фаъолон ва аҳли ҷамъиятии шаҳру ноҳия суҳбату вохӯриҳо гузарониданд.
Бо мақсади баланд бардоштани худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ ва муосир дар муассисаи давлатии «Осорхонаи таърихи кишваршиносии вилоятии ба номи «Авасто»-и шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни телевизионӣ таҳти унвони «Ҳунари ман зебост» бо иштироки 2 тарроҳи ноҳияи Шаҳритуз ва 30 октябр бо иштироки 2 тарроҳи ноҳияи Қумсангир гузаронида шуд.
Озмуну вохӯриҳо минбаъд низ бо иштироки дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳар ҳафта баргузор мегарданд.

Ноябрь 2, 2015 06:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд