Ваҳдат: мусобиқаҳои варзишии оммавӣ бахшида ба Рӯзи парчам

Ноябрь 19, 2015 10:34

Ваҳдат, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар  муассисаҳои  таълимии шаҳри Ваҳдат  ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  бо мақсади  баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, худшиносиву  худогоҳии миллӣ  ва эҳсоси  ватандӯстиву  меҳанпарастии хонандагон чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, машваратҳою мизҳои мудавар дар мавзӯъҳои  » Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ «, » Парчам -рукни  муқаддаси миллӣ » баргузор гардида истодаанд. Ҳамчунин дар ҳудуди ҷамоатҳои  шаҳраку деҳоти шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ мусобиқаҳои варзишии оммавӣ ва  маҷлисҳои тантанавӣ  ҷараён доранд.
Рӯзи 24 ноябри соли 2015 дар маркази шаҳр  бо иштироки зиёда аз 30 ҳазор сокинону меҳмонон роҳпаймоию  маҷлиси тантанавӣ    баргузор мегардад.  Инчунин дар ин рӯз  дар Қасри фарҳанги шаҳр  намоиш ва фурӯши  маҳсулоти қаннодию кишоварзӣ бо нархҳои арзон ва  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ташкил мешаванд.

Ноябрь 19, 2015 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа