Ваҳдат: Ғоратгарон дастгир шуданд
Душанбе, 30. 11. 2015. (АМИТ «Ховар») — Бино ба иттилои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат марди 45-сола, миллаташ афғон, истиқоматкунандаи кӯчаи Рӯдакии шаҳри мазкур, муроҷиат намудааст, ки 19 ноябри соли равон, тахминан соати 20:30 шахсони номаълум дар назди хонаи истиқоматиаш ӯро бе ягон асос лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 3000 сомонӣ ва 2 телефони мобилиашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду ҷавони 21-сола ва марди 35-солаи сокинони шаҳри Ваҳдатро бо гумони даст доштан дар ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






