«Ваҳдати миллӣ ҳамчун ҷузъи андешаи миллӣ»-мизи гирд дар МТС
Душанбе, 12. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябр дар мавзўи «Ваҳдати миллӣ ҳамчун ҷузъи андешаи миллӣ» мизи гирд баргузор хоҳад кард.
Дар чорабинӣ аз ҷониби иштирокдорон масъалаҳои сулҳу субот, андешаи миллӣ, роҳҳои густариши андешаи миллӣ, ҷойгоҳи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими андешаи миллӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба таҳкими ваҳдати миллӣ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.
Баргузории чунин ҳамоиш дар мавзўи ваҳдати миллӣ дар шароити мураккаб шудани фазои сиёсии минтақа ва ҷаҳон, қувват гирифтани қувваҳои «ваҳдаткуш», ки ба муҳити дохилии кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон бетаъсир нестанд, муҳим ва саривақтӣ мебошад. Беш аз ин, вазъи мавҷуда дар кишварҳои рў ба рушд масъалаи ташаккули андешаи миллиро хусусияти ҳатмӣ мебахшад. Бо назардошти муҳимияти хоси масъала ва тақдирсоз ба шумор рафтани ваҳдати миллӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Маркази исломшиносӣ иқдоми баргузор намудани мизи гирдро пеш гирифтаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






