Ванҷ: Кумаки ҳамватанони муҳоҷир ба ҳамдеҳагон
Душанбе, 12.11.2015 (АМИТ “Ховар”). -Дар ҷамоати деҳоти Техарви ноҳияи Ванҷ вохӯрии кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар масъалаи омӯзиши забон ва таърихи Русия, риояи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират, ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони иҷтимоии рушд ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароиву террористӣ бо сокинони ҷамоат доир гардид.
Дар мулоқот раиси ҷамоати деҳоти Техарв Шаша Давлатов зикр кард, ки: «Ба мушкилӣ мувоҷеҳ нагардидани муҳоҷирони меҳнатӣ ба худи онҳо низ вобастагӣ дорад. Масалан, чандин ҳамдеҳагони муҳоҷири мо бо меҳнати ҳалол ва рафтори намунавӣ дар Федератсияи Русия на танҳо зиндагии худро пеш бурдаву вазъи молиявиашонро беҳ гардониданд, балки ба ҳамдеҳагони ниёзманд кумакро дареғ надоштанд. Аз ҷумла, соли равон аз ҷониби Илёс Замонов, сокини ин деҳа, ки дар шаҳри Твери Федератсияи Русия ба соҳибкорӣ машғул аст, ба хоҷагиҳое, ки моҳи июли соли ҷорӣ аз офатҳои табиӣ қисман зарар дида буданд, ба маблағи 500 ҳазор рубли русӣ ва аз ҷониби сокини дигари ин ҷамоат Муминҷон Ширинҷонов, ки ҳоло дар Федератсияи Русия фаъолият дорад, барои таъмири пули деҳаи Чихох 10 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд».
Дар вохӯрӣ масъулини бахши Хадамоти муҳоҷират ба онҳое, ки хоҳиши омӯзиши забон ва таърихи Федератсияи Русия ва қонунҳои амалкунандаи онро доранд, омӯзишро дар курсҳои кӯтоҳмуддат, ки аз ҷониби сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон дар ноҳия таъсис дода шудаанд, тавсия намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






