Варзишгари беҳтарини сол кист?
Душанбе, 16.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Федератсияи миллии варзишии беҳтарини сол» ва «Беҳтарин иншооти варзишии сол»-ро эълон менамояд.
Шартҳо барои озмуни «Варзишгари беҳтарини сол» аз рӯи намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ ба даст овардани дастовардҳои баланди варзишӣ дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар давоми сол, меъёри баланди варзиширо иҷро намудан ва одоби баланди варзишӣ мебошанд.
Ҳуҷҷатҳо бояд то 1 декабри соли 2015 ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






