Варзишгарони Муъминобод 99 медал ба даст овардаанд
Муъминобод, 28.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Абдулло Раҷабов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Муъминобод дар мавриди самти фаъолияташон гуфт, ки дар ноҳия як мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон фаъолият дорад ва он аз 10 шуъба, 15 мураббӣ, 32 гурӯҳ ва 283 варзишгар иборат аст.
Дар ин муддат дар ноҳия зиёда аз 54 мусобиқаи гуногуни варзишӣ гузаронида шуд. Дар давраи ҳисоботӣ варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 99 медал, аз ҷумла 25 медали тилло, 17 нуқра ва 57 медали биринҷӣ гардиданд. Бо мақсади пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуби ифротгароӣ миёни ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро аз ҳисоби ҷавонони фаъоли ноҳия гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис ёфта, бо усули «Хона ба хона» дар деҳаҳо, маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






