Вазъи хизматрасонии тиббӣ беҳтар мегардад
Кӯлоб, 3.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳру деҳоти Кўлоб муассисаҳои тандурустӣ фаъол гардонида шуда, вазъи хизматрасонӣ хуб роҳандозӣ гардидааст. Маркази вилоятии барқарорсозии саломатӣ дар шаҳри Кўлоб дорои утоқҳои муносиб ва дастгоҳҳои замонавӣ буда, дар он ба муроҷиаткунандагон якчанд намуди табобату хизматрасонӣ пешниҳод мегардад. Ба иттилои директори маркази вилоятии барқароркунии саломатӣ дар шаҳри Кӯлоб Ғанӣ Назаров ҳоло се табиб ва 8 ҳамшираи шафқат дар хизмати мардум қарор доранд.
Бинои корӣ соли равон аз ҳисоби мабалғҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъмир гардид. Масъулин ният доранд, ки бо ворид намудани дастгоҳу таҷҳизоти муосири табобатӣ шароити хизматрасониро дар марказ боз ҳам беҳтар намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






