Вазорати маориф ва илм: «Дарсҳои мактабҳои олӣ аз соати 7-30 оғоз мешаванд
Душанбе, 13. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Шурӯъ аз 16 ноябри соли равон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии шаҳри Душанбе машғулиятҳо аз соати 7-30 шуруъ мешаванд. Бино ба иттилои муовини сардори раёсати тахсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Маҳмуд Шоев, дар асоси дархости Ҳукумати шаҳри Душанбе ва бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати нақлиёти мусофиркаш ва пешгирии танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин иқдомро пеш гирифтааст.
Тавре ки маълум аст, аз оғози соли хониш сокинони пойтахт аз мушкилоти норасоии нақлиёти мусофиркаш ва танбашавӣ дар роҳҳо азият мекашанд. Вазорати маориф ва илми ҶТ аз ҳукумати шаҳри Душанбе хоҳиш кардааст, ки вобаста ба тағйироти дар реҷаи кории муассисаҳои таълимӣ ба амал омада, ҳаракати нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанберо ба ин реҷа мутобиқ гардонад. Шояд ин иқдом қисман барои пешгирии танбашавии роҳҳо мусоидат кунад, зеро акнун теъдоди муайяни донишҷӯён аз меъёри ҳарвақтаи худашон 30-40 дақиқа пештар ба роҳ мебароянд ва кори нақлиёти мусофирбар ба як низоми муайян медарояд.
Бино ба гуфтаи Маҳмуд Шоев ин барои донишҷӯён ягон мушкилиро пеш нахоҳад овард, зеро пас аз як моҳ сессияи зимистона оғоз мешавад ва донишҷӯён метавонанд ба таври озод ба дарс оянд.
Дар мавриди аз 8-30 ё 9-00 оғоз нашудани дарсҳо Маҳмуд Шоев гуфт, ки аз сабаби дар ду баст фаъолият кардани муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олӣ вазорат имкони дертар оғоз кардани машғулиятҳои басти якумро надошт.
«Тавре ки маълум аст, басти дуввум соати 7 анҷом меёбад ва донишҷӯёни басти дуввум ба сардии ҳаво ва камшавии нақлиёт рӯ ба рӯ мешаванд. Бояд ин ҷо хотиррасон намоям, ки дар донишгоҳу мактабҳои миёнаи касбии пойтахт донишҷӯёни ноҳияҳои тобеи марказ низ таълим мегиранд ва онҳо шабона бояд ба хона баргарданд, аз ҳамин сабаб саоти дарс аз 7-30 пешниҳод гашт»,-илова намуд М.Шоев.








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






