ВКД: 3 зан бо гумони дуздӣ дастгир гардид
Душанбе, 26.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 31-солаи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 18-уми ноябр дар бозори “Корвон”, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳамёнаш, ки дар дохили он 600 доллари амрикоӣ, 500 сомонӣ ва 3 телефони мобилӣ буд, ҷамъ ба маблағи умумӣ 6000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавондухтари 19-сола, зани 33-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 29-солаи ноҳияи Б. Ғафуровро бо гумони даст доштан дар ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






