ВКД: Мусодираи ҳабҳое, ки моддаҳои психотропӣ доштанд
Душанбе, 07.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — 4-уми ноябр зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 24-солаи ноҳияи Ёвонро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир намуданд. Дар вақти азназаргузаронӣ аз хонаи истиқоматии гумонбаршуда 42 дона ҳаби рангаш гулобӣ ва 48 адад рангаш сабзчатоб дарёфт ва мусодира шуд. Ташхис муайян сохт, ки ҳабҳои мусодирашуда дар таркибашон моддаи психотропии навъи 3,4-метилендиоксид-метафетамин (МДМА) дошта, вазни умумиашон 24,8 граммро ташкил медиҳанд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






