Вохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси генералии ЮНЕСКО

Ноябрь 7, 2015 04:46

Душанбе, 07.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари иштирок дар кори Конфронси генералии ЮНЕСКО, ҳамчунин барои тақвият бахшидани муносибатҳо бо ин Созмони бонуфуз бо директори Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Осиёи Марказӣ вохӯрд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои алоқаманд ба ҳамкории бисёрҷониба ва дуҷониба бо ЮНЕСКО баррасӣ гашта, ҳар ду ҷониб омодагиро барои тақвият ва тавсеаи ҳамкории минбаъда изҳор доштанд.
Дар ҷараёни сафар ҳайати Тоҷикистон бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия Ҳомидҷон Назаров, инчунин бо директори осорхонаи миллии Франсия оид ба санъати кишварҳои Осиё хонум Софи Макариу вохӯрӣ намуда, доир ба баргузории намоишгоҳи Тоҷикистон дар Париж табодули назар намуд.
Зимни мулоқот директори осорхона омодагии худро барои сафар ба Тоҷикистон ва шиносоӣ бо осори қадимии кишварамон изҳор намуд.
Бостоншиноси маъруфи фаронсавӣ Франсис Ришар, ки  масъули танзими сафари хонум Софи Макариу ба Тоҷикистон мебошад, аҳамияти ҳифзи ёдгориҳои таърихиро таъкид карда, доир ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, бунёду барқарорсозии онҳо ва сохтмони осорхонаҳои ҷадид дар қаламрави Тоҷикистон изҳори андеша намуд.
Сафари ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия идома дорад.

 

Ноябрь 7, 2015 04:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад