Вохӯрии Н. Зоҳидӣ бо ҳайати гурӯҳи кории Давлати Қатар
Душанбе, 03.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 2 ноябри соли 2015 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳайати гурӯҳи кории Давлати Қатар, ки шомили намояндагони вазорату идораҳои мухталиф буда, ҷиҳати баррасӣ ва роҳандозии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф ва инчунин татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшуда зимни сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Давлати Қатар, ки моҳи сентябри соли 2015 ба вуқуъ пайваст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






