Вохӯрии навбатии аъзои кумитаҳои роҳбарикунанда
Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — 10-11 ноябр дар шаҳри Алмаата дар чорчӯбаи Лоиҳаи минтақавии XAC/K22 «Муқобилат ба интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон тавассути хатсайри шимолӣ аз тариқи тақвият бахшидани иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-гузаргоҳӣ ва созмон додани дафтари ҳамкории сарҳадӣ» вохӯрии навбатии аъзои кумитаҳои роҳбарикунанда, ки дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созмон дода шудаанд, баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамоҳангсози минтақавии Лоиҳаи XAC/K22, аъзои кумитаҳои роҳбарикунанда ва намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони лоиҳаҳои дигар, ки дар Осиёи Марказӣ таҳия мегарданд, иштирок намуданд.
Тибқи барномаи вохӯрӣ намояндагони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо муаррифинома дар бораи фаъолияти дафтари ҳамкории сарҳадӣ дар кишварҳои худ баромад намуданд. Сардори Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, ки ба ҳайси коршинос даъват шуда буд, дар муаррифиномаи худ дар бораи таҷрибаи Тоҷикистон оид ба таҷлили шабакаи алоқа байни дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ ва нақши шуъбаҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ дар ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот нақл намуд.
Аъзои кумитаҳои роҳбарикунанда, инчунин коршиносони байналмилалӣ таҳияи бомуваффақияти Лоиҳаи XAC/K22-ро дар минтақа ва комёбиҳои Тоҷикистонро дар соҳаи ташкили фаъолияти дафтар ҳамкории сарҳадӣ зикр намуданд, ки ин арзёбӣ ҳангоми таҳияи Лоиҳаи XAC/K22 дар кишварҳои узви лоиҳа ба назар гирифта мешавад.
Ба ҳайати дафтар ҳамкории сарҳадӣ яктогӣ намояндагони агентӣ, ВКД, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ дохил мешаванд, ки вазифаҳои асосии онҳо — ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои вобаста бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо роҳи мубодилаи иттилоот ва гузаронидани амалиёти муштарак, аз ҷумла хислати байналмилалӣ дошта мебошад.
Аз рӯи натиҷаи вохӯрӣ аъзои кумитаҳои роҳбарикунанда ва коршиносони байналмилалӣ якчанд тавсияро барои таҳияи минбаъдаи лоиҳаи XAC/K22 омода намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






