Вохӯрии Рустам Назарзода бо Кортни Гол

Ноябрь 13, 2015 09:49

Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-13 ноябри соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ мулоқоти Директори агентӣ Рустам Назарзода бо ҳамоҳангсози Департаменти давлатии ИМА оид ба масъалаҳои Тоҷикистон хонум Кортни Гол  баргузор гардид. 
Директори агентӣ меҳмонро бо вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маводи нашъаовар шинос намуд. 
Инчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни агентӣ ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва дурнамои рушди он муҳокима гардиданд. 
Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори бовар намуданд, ки ҳамкорӣ дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳад гардид. 
Меҳмон дар агентӣ аз утоқи нигоҳдории маводи нашъаовар, Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ ва бухории махсус барои сӯзонидани маводи нашъаовар дидан намуд. 

Ноябрь 13, 2015 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа