“Волидайн зидди терроризм”- чорабинӣ дар Чкалов

Ноябрь 13, 2015 12:47

Хуҷанд, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дирӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкалов  дар доираи иқдоми “Ҷавонон зидди терроризм ва ифротгароӣ” бо ташаббуси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва бахши он дар донишкада бо ҳамдастии мақомоти шаҳрӣ ва раёсати донишкада чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ дар мавзӯи мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризму экстремизм таҳти унвони “Волидон бар зидди терроризм”  доир гардид. 
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз бахши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Сугд  иттилоъ доданд,  чорабинӣ бо иштироки беш аз 300 ҷавони фаъоли шаҳр, волидайни донишҷӯён,  намояндагони мақомоти иҷроияи шаҳр, шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Чкалов, Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Чкалов доир гардид, ки дар он  иштирокдорон  оид ба ифротгароӣ ва терроризм, ҳадафҳои тахрибкоронаи он, роҳҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, нақши волидайн дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон  ибрози андеша намуданд.

Ноябрь 13, 2015 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа