10-уми декабр-Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар

Декабрь 10, 2015 09:26

Душанбе, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»). —   Ҳамасола дар саросари олам 10-уми декабр ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон таҷлил мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 10-уми декабри соли 1948 дар Созмони Миллали Муттаҳид бузургтарин ҳуҷҷати мутааллиқ ба ҳамаи миллатҳо -«Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар» қабул гардид.
Бояд зикр кард, ки санади муҳими ҳуқуқӣ аз 30  модда иборат буда, дар он ҳуқуқҳое сабт шудаанд, ки зиндагию  фаъолияти шоиста ва  шарафмандонаи ҳар як инсонро дар бар мегиранд.
Дар он ҳамчун раҳнамои ҳуқуқи башар ҳамаи ҳуқуқҳои инсонӣ,  аз қабили ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба таҳсил, мерос, интихоби манзил, афкору эътиқод ва ҳифзи сиҳатӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ба ин монанд  дарҷ  гардидааст.   
Тибқи моддаи 10 — уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин санади муҳими  байналмиллалӣ ҷузъи таркибии қонунгузории кишвари мо- Тоҷикистон ба шумор меравад.

 

Декабрь 10, 2015 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!