163 медали тиллои варзишгарони тоҷик дар соли 2015
Душанбе, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Варзиш аз соҳаҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, баргузории чорабиниҳои варзишӣ ҳамасола меафзояд. Вобаста ба ин, соли равон дар чорабиниҳои варзишии ҷумҳуриявӣ 8957 варзишгар, ки 1741 нафари он бонувонанд, ширкат варзиданд, ки нисбат ба соли 2014 2188 варзишгар, аз ҷумла 695 нафар бону зиёдтар аст.
Дар ин замина иштироки варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба маротиб зиёд гардида, танҳо дар соли 2015 варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 499 медал, аз ин шумора 163 тилло, 155 нуқра ва 181 биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






