21 соли созандагӣ ва ободонии ҲХДТ

Декабрь 10, 2015 11:49

Душанбе. 10.12.2015. (АМИТ “Ховар”). -Бо ибтикори намояндагии ТҶҶ  “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б.Ғафуров 10 декабр аз тарафи роҳбари намояндагӣ Ф.Ҳоҷиев дарси кушод дар мавзӯи “21 соли созандагӣ ва ободонии ҲХДТ” бахшида ба рӯзи таъсиси ҲХДТ гузаронида шуд. Ба дарси мазкур хонандагони синфҳои болоии мактаби №26 минтақаи Ҳ.Усмон даъват шуданд. Ҳадафи дарс бохабар сохтани ҷавонон аз таърих, мақсад ва мароми фаъолияти пурсамари ҲХДТ дар зарфи 21 сол, ҷалби онҳо ба сафи ТҶҶ “Созандагони Ватан”,  ҳидоят ба корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани дониши сиёсии хонандагон буд. 
    Ҳоҷиев Ф. дар бораи таърихи таъсиси ҲХДТ ва фаъолияти он гуфт, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлати 10 декабри соли 1994 бе ягон замина ва таҳкурсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар ноил шудан ба ҳадафи асосии миллат-Ваҳдати миллӣ саҳми беандоза дорад. Инчунин мавсуф бобати нақши ҲХДТ дар рушди ҷомеа ибрози ақида намуда, иброз дошт, ки мо ифтихор аз он дорем, ки халқ ба мо имрӯз бовар дорад. Аз як тараф ин боиси ифтихор бошад, аз тарафи дигар ин масъулияти бениҳоят вазнин аст, зеро мо бояд пайваста  заҳмат кашем, то ба қадри бовари мардуми шарифи Тоҷикистон сазовор бошем. 
    Зикр шуд, ки имрӯз маҳз бо ибтикор ва ғамхории Сарвари давлат  дар ҳизб ташкилоти “Созандагони Ватан” фаъолият дорад. Мақсаду мароми ин ташкилот ифодакунандаи манфиатҳои ҷавонон буда, далели он аст, ки имрӯз давлату ҳукумат ва роҳбарияти ҲХДТ барои ҷавонон ҳамчун маҳаки асосии таккондиҳандаи ҷомеа  шароит фароҳам оварда, аз онҳо  умеди зиёд дорад. Мо ҷавонон бояд ба ин ғамхориҳо сазовор бошем, иброз дошт Ф.Ҳоҷиев. 

 

Декабрь 10, 2015 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!