21 варзишгари тоҷик соҳиби ҷоизаҳои Президентӣ шуданд

Декабрь 24, 2015 09:13

Душанбе, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Барои ҳавасмандгардонии варзишгарон ва муаррифии ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз риштаҳои гуногуни варзиш Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Тибқи амри мазкур ва дар асоси пешниҳоди Қарори Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 нафар варзишгари беҳтарини мамлакат, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ мебошанд, бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд. 
Маблағи умумии ҷоизаҳо дар соли равон, ки аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, 673 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми як ҷоиза ба ҳар як варзишгар аз 6250 то 150000 сомонӣ аст.
Барандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан онҳое мебошанд, ки дар риштаҳои варзиши сабук, бокс, гуштини дзюдо, самбо ва таэквандо ИТФ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби медали тилло ва ҷойҳои намоён гардидаанд.   
Ин қадршиносии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди варзиш ва ҳавасмандгардонии варзишгарони баору номуси Тоҷикистон буда, бори дигар собит менамояд, ки рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мудом дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. 
Қобили зикр аст, ки давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш як зумра санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаро таҳия ва ба тасвиб расонидааст. 
Аз ҷумла, барои ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015 таҳти рақами 328 «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 “Дар бораи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015” таҳти рақами 328  ба имзо расидааст. 
Татбиқи фармони мазкур ба боз ҳам беҳбуд бахшидани шароити созгори варзишгарон ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш такони ҷиддӣ бахшид.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат варзишгарони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон имконияти иштирок дар садҳо мусобиқаҳои байналмилалӣ, инчунин бозиҳои олимпиро пайдо намуданд. 
Варзишгарони тоҷик танҳо дар давоми 5 соли охир дар арсаи байналмилалӣ 2717 медал, аз ҷумла 783 тилло, 759 нуқра ва 1175 биринҷӣ, ба даст овардаанд, ки бо шарофати онҳо борҳо парчами давлатӣ парафшон гардидааст. 
Дар давоми соли 2015 варзишгарони тоҷик маҳорати олии варзиширо дар сатҳи байналмилалӣ нишон дода, 629 маротиба Парчами Тоҷикистонро боло бардоштаанд.

 

Рӯйхати

Варзишгарони ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, ки сазовори Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд

 

1.    Назаров Дилшод
2.    Чориева Мавзуна
3.    Зулқарнаева Шоира
4.    Қурбонов Ҷаҳон
5.    Маҷидов Хуршед
6.    Саидов Аҳмадҷон
7.    Фаррухи Салим
8.    Сарахонов Муҳаммадраҳим
9.    Лагутенко Малика
10.    Даминов Шаҳриёр
11.    Тюраева Сабина
12.    Гадоев Баҳромҷон
13.    Сатторов Масрур
14.    Ахмедов Алишер
15.    Наимов Муҳаммадҷон
16.    Шамолов Зиёратшоҳ 
17.    Тюряев Далер 
18.    Набиев Беҳруз 
19.    Яқубов Садриддин 
20.    Хоркашев Набимуҳамад
21.    Каримов Акмалиддин

 

Декабрь 24, 2015 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!