Аҳамияти кортҳои пластикӣ дар даврони муосир
Душанбе, 5.12.2015(АМИТ «Ховар»).- 3 декабр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамияти кортҳои пластикӣ дар даврони муосир» семинари илмию амалӣ доир гардид.
Дар семинар мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ Ҳакимбек Сандалов иброз дошт, ки пардохт намудани маблағҳои гуногун тавассути кортҳои пластикӣ дар тамоми бонкҳо талаби замон аст.
Муаллими калони ҳамин кафедра Ғ. Ғафуров дар мавзӯи мавриди назар маърӯза намуда, аз таърихи пайдоиши корти пластикӣ ҳарф зад. Мавсуф зикр кард, ки корт метавонад ҳамчун иҷозатнома барои ворид шудан ба бино, воситаи дастрасӣ ба компютер, воситаи пардохти ҳаққи гуфтугӯйи телефон ва шаҳодатномаи ронандагӣ хизмат кунад. Дар соҳаи муомилоти пулӣ кортҳои пластикӣ яке аз воситаҳои пешқадами ташкил намудани ҳисобҳо ғайринақдӣ мебошанд. Рушди бозори кортҳои пардохтӣ дар ҷумҳурии мо низ яке аз омилҳои муҳимтарини ҳалли масъалаи кам кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар соҳаи пардохтҳои чакана ба ҳисоб меравад, гуфт Ғ. Ғафуров.
Дар семинар миёни устодону донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт ва роҷеъ ба ин масъала онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд, ки барои тавсеаи донишашон мусоидат мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






