А. Манонзода: «Зери роҳбарии Пешвои миллат давлатдории тоҷикон рушд ёфт»
Душанбе, 31.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон додани унвони Пешвои миллатро бо хушнудии беандоза истиқбол намуданд. Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдусамад Маннонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки Сарвари давлати тоҷикон дар давоми соҳибистиқлолии мамлакат бо меҳнати софдилонааш дар қалби мардум ҷой гирифт ва мамлакати дар гирдоби нооромиҳо қарордоштаро ба як кишвари амну пешрафта табдил дод.
«Сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хуб дар хотир доранд, ки замоне бо дасисабозиҳои як идда манфиатҷӯён минтақаҳои гуногуни ватани азизамонро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд ва мутаассифона, хавфи аз харитаи сиёсии ҷаҳон маҳв гардидани номи Тоҷикистони соҳибистиқлол вуҷуд дошт. Дар чунин давраи мураккаб, аниқтараш соли 1992 дар Қасри маданияти «Арбоб»-и хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва Қасри овозадори Арбоб дар таърихи навини давлатдории тоҷик чун макони сарнавиштсози миллат, сулҳу субот ва ваҳдати тоҷикон шӯҳрат ёфт.
Мардуми тоҷик хуб медонанд, ки маҳз ҳамин Иҷлосияи сарнавиштсоз давлати тозаистиқлолро аз вартаи нобудӣ раҳо намуд ва ба халқу давлат Пешвои ҷасуру далер, дилсӯзи халқ ва сиёсатмадори нотакрорро эҳдо кард. Хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат буд, ки сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ барқарор гардид ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ батамом хомӯш карда шуд ва Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.
Дар даврони соҳибистиқолии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон давлатдории тоҷикон рушд ёфта, барои таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳи махсус равона шуд ва дар натиҷа нишондиҳандаҳои назаррас ба даст омаданд.
Имрӯз кишвари моро дар саросари ҷаҳон чун мамлакати рӯ ба рушд мешиносанд ва мо бо сарварии Пешвои миллат барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум талош менамоем. Сокинони заҳматкаши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро якдилона дастгирӣ намуда, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд ва дар пойдории сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол чун ҳарвақта саҳми арзандаи худро мегузоранд»,-илова намуд раиси ноҳия.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






