«Ҷаҳон муқобили ВНМО»-машварати илмӣ
Душанбе, 4.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди ВНМО (СПИД) 3 декабр дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷаҳон муқобили ВНМО» бо иштироки устодону донишҷӯён семинари илмию тарбиявӣ доир гардид.
Дар семинар доир ба бемории пайдошудаи норасоии масуният аз тарафи номзади илмҳои тиб Аъзамҷон Мирзоев маърӯза шунида шуд.
Гуфта шуд, ки сирояти вируси норасоии масунияти одам қувваи муҳофизавии баданро заиф мегардонад. ВНМО ба ҳуҷайраҳои муайяни системаи қувваи муҳофизавӣ таъсир мерасонад.
Зикр шуд, ки ВНМО бемории сирояткунандаи бисёр хавфнок буда, сироят кардани ангезандаи он дар шароити ҳозира, ки усули самарабахши муолиҷа ва пешгирии махсуси он вуҷуд надорад, сабаби марги инсон мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






