Қабули эътимоднома аз сафирони нав
Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз гурӯҳи сафирони нави кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо эътимоднома қабул намуд.
Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Ю Э Бин, Ҷумҳурии Ҳиндустон Бираҷа Прасад, Ҷумҳурии Литва Витаутас Наудужас,Ҷумҳурии Латвия Эдгарс Бондарс, Испания Педро Хосе Санз Серрано, Ҷумҳурии Филиппин Даниел Рамос Эспириту, Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Носир Бушерит ва Ҷумҳурии Гвинея Бангалӣ Диахабӣ эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик намуд.
Президенти мамлакат бо итминон иброз дошт, дар доираи сиёсати дарҳои боз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад ва омода аст, ки бо тамоми кишварҳои дунё — бидуни истисно — муносибатҳои дӯстиву ҳамкории мутақобилан судманд дошта бошад.
Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо андешаронӣ карда, изҳори умед намуд, ки сафирон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд.
Рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи муассир, авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими равобит бо кишварҳо, муносиботи сохторҳои соҳибкорӣ ва мақомоти давлатии Тоҷикистону кишварҳо аз масъалаҳои асосии суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафирони нав буд.
Инчунин таъкид гардид, ки кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо, имрӯз дар сафи дӯстону шарикони давлату мардуми Тоҷикистон қарор доранд. Ин робитаҳо барои рушду таҳкими минбаъда майдони фарох доранд ва мо дар ин ҷода аз фаъолияти дипломатии Шумо, самараҳои неку назаррасро интизорем, таъкид намуд дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






