Қабули савганди ҳарбӣ дар Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ»-и қӯшунҳои сарҳадӣ
Душанбе, 03.12.2015. (АМИТ “Ховар”). — 2 декабри соли 2015 дар Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ»-и вилояти Хатлон маросими тантанавии қабули Савганди ҳарбӣ барои зиёда аз 100 сарбози навдаъват барпо гардид. Дар он муовини аввали фармондеҳ — сардори Сарситоди қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ полковник Ҳабибулло Сафаров, намояндагони ҳукумати ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор, кормандони сохторҳои амният, Прокуратура, ВКД, падару модарони навдаъватшудагон, ҳайати шахсии Отряди сарҳадӣ ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Сардори Сарситоди қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ полковник Ҳ. Сафаров ва дигар иштирокдорон зикр намуданд, ки имрӯз сарҳадбонони тоҷик бо рӯҳи баланд ва ҳисси мардонагиву ватандӯстӣ марзи кишварро ҳифз менамоянд: «Мо низ барои боз ҳам дар сатҳи баланд тарбия ва тайёр намудани афсарону сарбозон саҳму кӯшиши зиёд мекунем, ки сазовори бовари роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи Тоҷикистон бошем. Мо бовар дорем наваскароне, ки имрӯз Савганди ҳарбиро қабул менамоянд, ба халқу Ватани маҳбубашон вафодор мемонанд».
Дар ин бора Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори Маркази матбуоти
Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






