«Адолати судии конститутсионӣ- кафолати таъмини волоияти Конститутсия» аз чоп баромад

Декабрь 28, 2015 17:26

Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Натиҷаи кори  Конфронси байналмилалӣ, ки  бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Суди конститутсионӣ дар шаҳри Душанбе 17-18 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  намояндагони мақомоти назорати конститутсионии зиёда аз бист кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, роҳбарон ва намояндагони гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқи ватанӣ баргузор гардида буд, дар шакли китоби алоҳида «Маводи конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии ҶТ дар мавзӯи «Адолати судии конститутсионӣ- кафолати таъмини волоияти Конститутсия» рӯи чоп оварда шуд, ки он суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо се забон ва маърӯзаҳои дигар иштирокдорони конфронсро дар бар мегирад.
Дар китоб дар радифи маърӯзаҳои чорабинии сатҳи байналмилалӣ ва мавзӯъҳои дар он матраҳгардида, хулоса ва тавсияҳои конфронси душанбегӣ оид ба рушд ва таҳкими фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ бо се забон оварда шудаанд, ки муқаррароти он ба ташаккули фаъолияти минбаъдаи мақомоти назорати конститутсионӣ, рушди қонунгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст.
Маводи Конфронси байналмилалӣ ба зиёда аз чил кишвари ҷаҳон, мақомоти ҳокимияти давлатии кишвар, муассисаҳои олии таълимӣ ва китобхонаҳои ҷумҳурӣ ирсол мешавад.
Мутолиаи маводи конфронси байналмилалӣ барои шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолият ва салоҳияти густурдаи мақомоти назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои мухталифи хориҷи кишвар ва назарияи конститутсионализм мусоидат мекунад.

Декабрь 28, 2015 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад