«Адолати судии конститутсионӣ- кафолати таъмини волоияти Конститутсия»
Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-17-18 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони мақомоти назорати конститутсионии зиёда аз бист кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ , роҳбарон ва намояндагони гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқи ватанӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Суди конститутсионӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ баргузор гардида буд, ки ин аз мавқеи намоёни ин мақомоти назорати конститутсионӣ шаҳодат медиҳад.
Натиҷаи кори Конфронси байналмилалӣ дар шакли китоби алоҳида «Маводи конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Адолати судии конститутсионӣ кафолати таъмини волоияти Конститутсия» рӯи чоп оварда шуд, ки он суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо се забон ва маърӯзаҳои дигар иштирокдорони конфронсро дар бар мегирад.
Дар китоби мазкур дар радифи маърӯзаҳои чорабинии сатҳи байналмилалӣ ва мавзӯъҳои дар он матраҳгардида, хулоса ва тавсияҳои конфронси душанбегӣ оид ба рушд ва таҳкими фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ бо се забон оварда шудаанд, ки муқаррароти он ба ташаккули фаъолияти минбаъдаи мақомоти назорати конститутсионӣ, рушди қонунгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст.
Маводи Конфронси байналмилалӣ ба зиёда аз чил кишвари ҷаҳон, мақомоти ҳокимияти давлатии кишвар, муассисаҳои олии таълимӣ ва китобхонаҳои ҷумҳурӣ ирсол мешавад.
Мутолиаи маводи конфронси байналмилалӣ барои шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолият ва салоҳияти густурдаи мақомоти назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои мухталифи хориҷи кишвар ва назарияи конститутсионализм мусоидат мекунад.








Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд






