Афғонистон ба узвияти комили Созмони умумиҷаҳонии савдо қабул шуд

Декабрь 18, 2015 12:11

         Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар даҳумин нишасти вазирони узви Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) Афғонистон ба узвияти комили ин созмон пазируфта шуд. Ин конфронс  аз 15-ум то 17-уми декабри соли равон дар шаҳри Найробӣ, пойтахти Кения баргузор шуд. Лозим ба ёдоварист, ки Афғонистон дархост барои узвияти комил дар СУС-ро 11-сол пеш матраҳ карда буд. Пас аз эълони расмии узвияти Афғонистон дар созмони мазкур   Муҳаммадҷон Раҳмонӣ, муовини аввали Раёсати иҷроияи Ҳукумати ин кишвар зимни суханронӣ ин тасмими аъзои созмонро «таърихӣ» хонд ва  изҳор дошт, ки:  узвият дар созмони мазкур бахше аз ҳадафи стратегии Афғонистон барои расидан ба сулҳу субот ва рушди соҳаи иқтисодӣ мебошад. Ӯ гуфт, ки узвияти Афғонистон  дар СУС ба рушди сармоягузорӣ дар ин кишвар кумак мекунад ва    ҳамчунин бо фароҳам шудани заминаи кор барои мардуми Афғонистон, бахусус занон ва ҷавонон метавон аз густариши терроризм дар ин кишвар ҷилавгирӣ кард. 
СУС ба Афғонистн 5 сол муҳлат додааст, то тамоми қонунҳои худро мутобиқ бо меъёрҳои ин созмон бисозад. Афғонистон, ки пеш аз ин ба унвони узви нозир дар ин созмон ҳузур дошт, рӯзи панҷшанбе, 17-уми декабр расман ба унвони узви комили СУС шинохта шуд. 

 

Декабрь 18, 2015 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад