Афзоиши шумораи гурезагон дар ҷаҳон
Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шумораи гурезагон дар ҷаҳон то охири соли 2015-ум, ки ба анҷоми он рӯзҳои башумор мондааст, мумкин аст ба беш аз 60 миллион нафар расад, омадааст дар гузориши Раёсати комиссари олии СММ оид ба гурезагон. «Қариб миллион нафар Баҳри Миёназаминро ҳамчун гуреза ва ё муҳоҷир убур кардаааст, аммо ҳамоно низоъҳо дар Сурия ва дигар минтақаҳо идома доранду раванди гуреза шудан низ хотима наёфтааст. Воситаҳои зиёд кардани ранҷу азоби одамон ва ба ин хотир тарк кардани макони зисти худ дар соли 2015-ум, эҳтимол як соли рекордие шавад, ки дар ягон соли дигар ба қайд гирифта нашуда бошад»,- омадааст дар гузориш. Шумораи дақиқи гурезагон ба як фоизи аҳолии рӯи замин наздик мерасад. Ҳоло аҳолии кураи замин 7 милларду 300 миллион нафар мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






