Ғайб задани ронанда аз ҷойи ҳодиса

Декабрь 22, 2015 10:41

Душанбе, 22.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- 21 декабри соли равон   ронандаи мошини тамғаи Мерседес-Бенс, сокини 34-солаи сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар ҳолати мастӣ, дар кӯчаи И.Сомонии шаҳраки Фархор, дар рӯ ба рӯи бинои ҳукумати ноҳия, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагард, зани 53-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа пиёдагард, Қазакова М.Б., ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ ронандаи мошини тамғаи Мерседес-Бенс, Нарзуллоев Ш. ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят  дастгир шуд. 

 

Декабрь 22, 2015 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш