Ҷалби беш аз 27 ҳазор нафар ба касбу забономўзӣ
Душанбе, 18.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон 27 135 нафар шаҳрванд аз ҷониби муассисаҳои таълимии давлатию хусусӣ ба касбу забономўзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳо ҷалб гардиданд.
Тавре ки аз Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд хабар доданд, аз миқдори умумӣ 10 857 нафар касб ва 2 237 нафар забон омўхтаанд. Ҳамчунин 14041 нафар малакаҳои касбиашонро шаҳодатнома кунониданд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар самти ҷалби шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба омўзиши касбу забон ва шаҳодатномакунонии малакаҳо шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров пешсаф мебошанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






