Ҷалби одамон барои истисмор
Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 19 декабри соли равон зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ду зани 25 ва 26-солаи сокинони шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони ҷалби одамон барои истисмор дастгир шуданд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршудаҳо бо маслиҳати пешакӣ бо зани тахаллусаш “Хола”, ки ҳоло дар шаҳри Дубайи АМА қарор дорад, бо мақсади ҷалб ва ба истисмори шаҳвонӣ гирифтор намудани зани 26-солаи сокини ноҳияи Восеъ аз ҳисоби худ раводид, шиноснома ва чипта харида, рӯзи 16 декабр ӯро ба воситаи ҳавопаймо ба шаҳри Дубайи АМА равон кардаанд. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






