Ҳалокати ноболиғон дар садама
Душанбе, 07.12.15. (АМИТ «Ховар»). -6 декабр ронандаи мошини тамғаи “Тайота-Кемри”, сокини 23-солаи ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Ҷиликул ба самти шаҳри Қурғонтеппа дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Румӣ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагарди ноболиғ, духтарчаи 10-сола, хонандаи синфи 4-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, сокини ноҳияи Ҷ.Румиро пахш намудааст. Дар натиҷа духтарчаи ноболиғ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Зефира”, сокини 29-солаи ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар ҳудуди деҳаи Ҷангалак аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини тамғаи “ВАЗ-21099”, таҳти идораи ронанда, сокини 33-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрдааст. Баъдан мошини тамғаи “Опел-Зефира” ноболиғ, писарбачаи 6-сола, хонандаи синфи 1-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, сокини ноҳияи Варзобро пахш намуда, сипас ба мошини тамғаи “Камаз”, таҳти идораи ронанда, сокини 35-солаи шаҳри Истаравшан бархӯрдааст. Дар натиҷа писарбачаи ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






