Ҳамкорӣ бо Корпоратсияи исломии рушд

Декабрь 9, 2015 12:49

Душанбе, 9.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-  Масъалаи  дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани ҳамкории дуҷонибаи судманд имрӯз, 9 декабр зимни мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо мудир оид ба рушди соҳибкорӣ ва Департаменти ҳамкории Корпоратсияи исломии рушд Фарид Масмоудӣ, намояндаи минтақавии корпоратсияи зикршуда оид ба ИДМ ва Аврупо Самир Тагиев мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки низоми бонкии ҷумҳурӣ барои ба роҳ мондани ҳамкории боз ҳам зичтар ва барои ҳарду ҷониб манфиатовар ҳамеша омодааст. Корпоратсияи исломии рушд бо мақсади зиёд кардани имкониятҳои молиявии ташкилоти молиявии маҳаллӣ, аз қабили ширкатҳои лизингӣ ва бонкҳо метавонад хаттҳои маблағгузорӣ боз намояд ё дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ кумак расонад. Илова бар ин, ин корпоратсия метавонад ширкатҳои маҳаллиеро, ки сохтори устувори корӣ доранду метавонанд фаъолияти худро хуб пеш баранд, аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намояд. Дар робита ба ин, Ҷамшед Нурмаҳмадзода пешниҳод намуд, ки барои дастгирии муҳоҷирони кории ба Ватан баргашта лоиҳаи нави маблағгузорӣ оғоз шуда, Корпоратсияи исломии рушд дар бунёди чор сардхона барои нигоҳдории меваю сабзавот дар чор минтақаи ҷумҳурӣ саҳм гузорад. 
Фарид Масмоудӣ дар навбати худ пешниҳодоти раиси Бонки миллии Тоҷикистонро хуш пазируфта, зикр кард, ки Корпоратсияи исломии рушд ва сохторҳои марбутаи Бонки исломии рушд илова бар ин, тибқи лоиҳаҳои хеш ба содиркунандагони молу маводи дохилӣ ва соҳибкорони хурду миёна барои пӯшонидани эҳтиёҷоти молиявии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати онҳо маблағгузорӣ пешниҳод менамояд. Маблағгузории соҳибкории хурду миёна аз тариқи бонкҳои маҳаллӣ ва истифодаи захираҳои ба нақша гирифтаи ташкилоти молиявии исломӣ (Ширкати лизинги исломӣ, Бонки исломии рушд ва Хазинаи исломии дастгирии соҳибкории хурду миёна) анҷом дода мешаванд. 
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ҷанбаҳои дигари ҳамкории дуҷонибаро барои солҳои оянда муҳокима намуданд.

 

Декабрь 9, 2015 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!