Ҳамоҳангсозони миллии СААД башиддат бад шудани вазъ дар Афғонистонро таъкид карданд
Душанбе, 12.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Масоили марбут ба вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон, чораҳои қабулнамудаи СААД доир ба коҳиши шиддати он ва гузаронидани чорабиниҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои қабулнамудаи СААД доир ба мушкилоти Афғонистон дар ҷаласаи 22 Гурӯҳи корӣ доир ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар Маскав баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СААД доир ба Афғонистон, коршиносони идораҳои марбута ва кормандони котибот иштирок намуданд.
Ҳамоҳангсозони миллӣ якдилона тезутунд шудани вазъи кунунӣ дар Афғонистонро дар робита ба маҷмӯи омилҳои дохилӣ ва берунӣ таъкид намуданд.
Дар ин росто, онҳо роҳҳои вокуниши СААД дар ҳолати сар задани таҳдидҳои нав ба амнияти кишварҳои аъзои СААД-ро пешниҳод ва баррасӣ намуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти СААД иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа масоили ташкилӣ, аз ҷумла гузаштани ваколати роҳбарии Гурӯҳи корӣ ба зиммаи Ҳамоҳангсози миллӣ доир ба Афғонистон аз Арманистон, ки соли равон раисӣ дар СААД-ро бар дӯш дорад ва тасдиқи нақшаи кории Гурӯҳи корӣ дар нимсолаи аввали соли 2016 баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






