Ҳамоиш дар Роғун: қабули қонун саривақтист
Роғун, 16.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри бунёдкорон- Роғун оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» ҳамоиши осоиштаи сокинон доир гашт.
Раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз оид ба саривақтӣ будани қонуни мазкур ва аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани мақоми Пешвои миллати тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, хизматҳои шоистаи роҳбари давлатро дар наҷоти миллати тоҷик аз нестшавӣ, барқарории сулҳу субот, бунёдкорию созандагӣ, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ёдрас шуданд. Зикр шуд, ки тамоми кору пайкори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар якчанд саҳифа ё китобе гирд овардан номумкин аст, зеро дар тӯли солҳои истиқлолият, ин марди хирадманд корҳоеро ба анҷом расонидааст, ки танҳо ба қалам додани як самти фаъолияти он садҳо асар мешавад. Ў воқеан Пешвои миллат буда, сазовори ифтихори халқи тоҷик дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






