Ҳамоиши ба ифтихори мақоми Пешвои миллат дар Муъминобод
Муъминобод, 16.12.2015 (АМИТ «Ховар»)- Дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки беш аз 200 корманди дастгоҳи ноҳия, ҷавонон, фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳаи маорифу тибб ба ҷонибдории қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» маҷлиси васеъ баргузор гардид. Раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршозода доир ба фаъолияту садоқат ва сулҳофарии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки дар даврони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тараққӣ карда, сатҳи зиндагии мардум дучанд баланд гардид.
Инчунин зикр шуд, ки мо шукргузор аз он ҳастем, ки ҳам давлати орому осоишта дорем ва ҳам парчаме, ки дар тамоми дунё машҳур мебошад. Дар ҷараёни маҷлис роҳбарияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо доир ба ин қонун ҳарф заданд. Маврид ба зикр аст, ки раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршозода имрӯз дар майдони Сомонӣ бо мардуми ноҳия ва рӯзи 17 -уми декабр бо ҷавонони ноҳия чорабинӣ доир менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






