Ҳамовозии сокинони Қайроққум ба қабули қонун оид ба Пешвои миллат
Қайроққум, 23.12.2015. (АМИТ “Ховар”).-Имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар ба ҷонибдории қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулху вахдати миллӣ -Пешвои миллат» чорабиниҳои мухталиф ҷараён доранд. Максад аз баргузории чунин ҷамъомадҳо- ин баёни ҳамовозии сокинони кишвар ба қабули қонуни мазкур ва ибрози дастгирии онҳо аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат мебошад.
Дирӯз дар радифи чунин чорабиниҳо дар шаҳраки барқчиёни шимоли кишвар — Қайроққум раҳпаймоӣ доир гардид.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъули хадамоти матбуотии мақомоти шаҳри Қайроққум Рустам Одиев хабар дод, дар раҳпаймоие, ки дар кўчаи марказии шаҳр доир гашт, беш аз 1500 ҷавон, намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии шаҳр ширкат варзида, ҷонибдории хешро аз Пешвои миллат эътироф шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
Чорабинии мазкур бо ҳузури кулли сокинони шаҳр дар назди майдони Кохи Истиқлол доир гашта, дар он раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода иброз дошт, ки таҷрибаи сулҳоварие, ки дар низоми таълимоти сиёсии Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон ҷойгоҳи махсус касб карда буд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир эътироф шудааст ва ҳадаф аз меҳвари асосии ҳамоиши имрӯза низ- ин баёни ҳамовозии сокинони шаҳри Қайроққум аз эътироф ва дастгирии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ба ҳисоб меравад, зеро мардуми шарафманди тоҷик дар симои Президенти худ, пеш аз ҳама, пуштибони мардум, ҳомии Конститутсия ва қонунҳоро мебинад.
Иштирокдорони дигар низ доир ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, ки тавассути қудрату қобилияти ташкилотчигӣ, азму иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд, сухан карда, ҷонибдории худро иброз доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






