Амрикоиҳо эҳтимоли зарбаҳои ҳавоӣ ба ҷониби афсарҳои ироқиро эътироф карданд
Душанбе, 21.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар изҳороти Маркази фармондеҳии қувваҳои ҳавоии ИМА, ки рӯзи ҷумъа паҳн шуд, фарзияе пешниҳод шудааст, ки зарбаҳои Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоие, ки роҳбарии онро эътилофи зиддитеррористти ИМА бар дӯш доранд, метавонист боиси ҳалокати афсарҳои ироқӣ гардад. Аз рӯи масъалаи мазкур бо иштироки ҷониби ироқӣ тафтиш гузаронида мешавад. Ҳамзамон дар он зикр мешавад, ки тибқи маълумоти қаблӣ имкон дорад, ки зарбаҳои ҳавоии пайдарпай боиси фавти афсарҳои ироқӣ гардида бошанд.
Дар изҳорот оид ба шумораи афсарони фавтидаи ироқӣ маълумоти мушаххас оварда нашудааст, хабар медиҳад ТАСС. Таъкид мешавад, ки зарбаҳои ҳавоӣ бо Бағдод ва хадамоти махсуси кишвар мувофиқа шудаанд. Қаблан Вазорати мудофиаи Ироқ хабар дод, ки дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии тасодуфии эътилофи байналмилалӣ дар ноҳияи шаҳри Эл-Фаллуҷа, ки зери назорати Давлати исломӣ қарор дорад, 10 нафар ҳалок гардид.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






