Ҳамватанони бурунмарзӣ ба иқтисодиёти кишвар саҳми босазо мегузоранд
Душанбе, 12.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Бо мақсади беҳтар намудани вазъи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон соли 2013 ду санади муҳими ҳуқуқӣ доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия ба тасвиб расид, ки барои таъмини мақсадҳои асосӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Тибқи ин санадҳо шаҳрвандони ҶТ дар ҳудуди ФР ба муҳлати 15 рӯз аз бақайдгирӣ озод буда, муддати иҷозати кор ва будубош аз 1 сол ба 3 сол таъмин карда шуд»,-гуфт сардори хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Тоҳир Каримзода дар ҷараёни Форуми таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва диаспораҳои тоҷик ва таҷрибаи муҳоҷирати Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе
Хотиррасон мекунем, ки дар кори форуми дурӯза сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Тоҳир Каримзода, директори маркази тадқиқоти муҳоҷират Дмитрий Полетаев, намояндаи Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират Акрам Муҳаммадқулов, намояндагони ҷамъиятҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ва мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор иштирок доштанд.
Бино ба гуфтаи сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарипова яке аз самтҳои асосии фаъолияти раёсати кор бо ҷамъиятҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба ҳисоб меравад. «Дар ин самт мо як зумра корҳои назаррасро ба сомон расонидем. Раёсат бо ҷамъиятҳои тоҷикон дар Федератсияи Русия, ки имрӯз ҳамчун соҳибкорон чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷа барои бунёду сохтмони иншооти ҳаётан муҳим саҳми босазо мегузоранд, ҳамкории зич дорад. Бахусус бо вилояти Олтой, Красноярск, Екатеринбург, Санкт-Петербург созишномаҳои байниҳукуматӣ баста шудаанд, ки дар онҳо самти муҳоҷирати меҳнатӣ махсус зикр гардидааст. Мо бо ҷамъияти тоҷикон дар Русия, аз қабили «Золотой челнок», «Содружество», «Дидор» ҳамкории зич дорем. Сафари намояндагони ҷамъиятҳоро мо доимо кӯшиш мекунем дар шаҳру ноҳияҳои вилоятамон тарғиб намуда, бо онҳо мулоқот доир намоем. Имрӯз мо бо бовар гуфта метавонем, ки дар вилоят 10 ҳазор соҳибкороне ҳастанд, ки онҳо ҳамватанони бурунмарзӣ буда, дар рушди иқтисодиёти вилоят саҳми босазо гузоштаанд. Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд дар соли 2016 нақша дорад ба шаҳрҳои Русия сафар карда, бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот анҷом диҳад»,-илова намуд З. Шарипова.
Бояд гуфт, ки дар ҷараёни форуми дурӯза масъалаҳои таҷрибаи Аврупо дар масъалаи ҳамкории давлат бо ҷамъиятҳо, ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо ҷамъиятҳои тоҷикон, саҳми онҳо барои рушди Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






