Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Чин
Душанбе, 9.12.2015. (АМИТ «Ховар). -11-уми декабри соли равон дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» Анҷумани соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегардад.
Анҷуман бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати кишвар ташкил шуда, наздики 100 нафар соҳибкору сармоягузори Тоҷикистону Чин ва намояндагони як зумра мақомоти давлатии ҳар ду кишвар иштирок хоҳанд кард.
Имрӯз дар Тоҷикистон шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, содагардонии қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ корҳои назаррас анҷом ёфта, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






