Ҷангиёни ДОИШ занонро ҳамчун ғуломи ҷинсӣ истифода мекунанд
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Корманди калони илмии Маркази тадқиқоти арабӣ ва исломии Донишкадаи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, номзади илмҳои таърих Борис Долгов гуфт, ки ҷангиёни «Давлати исломӣ» занонро ҳамчун зани ғайриникоҳӣ ва ғуломони ҷинсӣ истифода мекунанд.
«Ҷангиёни ДОИШ намояндагони динҳои дигарро ё маҳв мекунанд, ё маҷбур месозанд, ки Исломро қабул кунанд. Яке аз амалҳои ваҳшиёнаи онҳо, ин истифода кардани занон ҳамчун зани ғайриникоҳӣ, ғуломи ҷинсӣ ва дар беҳтарин ҳолат чун — ҳамсари муваққатӣ, мебошад», — гуфт Б. Долгов.
Чанде пеш иттилоъ дода шуд, ки дар биёбон дар шимоли Сурия зиндони зеризаминӣ бо даҳҳо зан ошкор карда шуд. Асирон соатҳо нафасгир шуда, дар қафасҳои торик ҷойгир карда мешуданд ва он ҷо онҳоро қариб ки намехӯронданд ва намегузоштанд, ки хоб кунанд. Ин зиндонро ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» сохта буданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






