Ҳангоми боридани барф паланг Амур ҷояшро ба буз Темур дод
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳайвонҳои машҳури боғи сафарии Приморск паланг Амур ва буз Темур фарорасии ҳавои сардро дар якҷоягӣ истиқбол гирифтанд. Вақте, ки 15 — уми декабр барф борид, паланг Амур ба ҳамҳуҷрааш буз Темур ҷояшро дод. Дар ин бора дар сомонаи боғи сафари гуфта мешавад.
«Имрӯз ба мо муяссар шуд, ки ҳангоми боридани барф ҳодисаи ҷолиберо мушоҳида намоем: Амур хост ба паноҳгоҳаш, ҷое ки аз бориши барфу борон пинҳон мешавад, дарояд, вале Темур дарҳол давида омад ва паланг ақиб гашта, ҷои «Шоҳона»-и худро ба Темур дод», — гуфта мешавад дар сомона.
Ҳайвонҳо дар якҷоягӣ сайру гашт мекунанд, ғайр аз ин Темур одатан Амурро дар назди ҷои хобаш мунтазир мешавад.
Паланг Амур бо буз Темур моҳи ноябр, вақте ки бузро барои хӯрдан ба ӯ оварданд, дӯст шуд. Темур натарсида ба паланг зарба зад ва ҳатто ҷои хобашро низ гирифт. Шуруъ аз ҳамон рӯз ҳайвонҳо ба ҳам унс гирифтанд ва дар қафас бо ҳам як ҷо сайру гашт мекунанд. Аллакай буз ба тақлиди рафтори паланг сар кардааст. Кормандони боғ нияти аз ҳам ҷудо кардани онҳоро надоранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






