Ангуштнамоии Покистону Афғонистон ба сўи якдигар
Душанбе, 9.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Конфронси «Қалби Осиё», ки рўзҳои 8-9 декабр дар шаҳри Исломобод — пойтахти Покистон баргузор шуд, Навоз Шариф ва Ашраф Ғанӣ ба сўи якдигар бо ангушти иттиҳом ишора карданд. Сарвазири Покистон Навоз Шариф зимни суханронии худ дар конфронси мазкур гуфт, ки гашту гузори муҳоҷирони афғон дар марзҳои Афғонистону Покистон таҳдидомез аст.
Номбурда дар идомаи суханронии хеш хостори берун шудани муҳоҷирони Афғонистон аз қаламрави кишвараш шуда, ҳамзамон таъкид кард, ки бозгашти ин муҳоҷирон метавонад ба таъмини субот дар Афғонистон мусоидат намояд.
Сарвазири Покистон иброз дошт, ки кишвараш аз талошҳои Афғонистон барои барқарории сулҳу оромӣ дар ин кишвар ҷонибдорӣ менамояд.
Бино ба гуфтаи Сарвазири Покистон, терроризм душмани муштараки Афғонистону Покистон мебошад ва ҳар ду кишвар бояд дар ҳамкории муштарак бо ин падида мубориза баранд.
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки дар ин конфронс ширкат ва суханронӣ намуд, зикр кард, ки дар Афғонистон нобоварии бузурге нисбат ба Покистон ба вуҷуд омадааст.
Вай бо хитоб ба ҷониби Покистон гуфт, ки мо набояд аз бозигарони ғайридавлатӣ ҳамчун воситаи сиёсати хориҷии худ истифода кунем. Президенти Афғонистон дар идома изҳор намуд, ки кишварҳо набояд ба падидаи терроризм ба унвони як барномаи кўтоҳмуддат бо мақсади расидан ба ҳадафҳои худ муносибат намоянд.
Дар Конфронси «Қалби Осиё» намояндагони беш аз 40 кишвари узв ва ҳомиёни он ва беш аз 10 ниҳоди байналмилаливу минтақавӣ иштирок намуданд.
Нахустин Конфронси «Қалби Осиё» дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар соли 2011 дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор шуда буд. Нишастҳои баъдӣ дар кишварҳои Афғонистон, Қазоқистон ва Чин дар солҳои 2012, 2013 ва 2014 баргузор шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






