АНМН: Пешгирии ҷавондухтарон аз амалҳои номатлуб
Душанбе, 4.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе бо толибаҳои муассисаи таҳсилоти умумии рақами 25 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир намуданд.
Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вохӯрӣ ба ҷавондухтарон оид ба масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ, даст задани ҷавонону наврасон ба кирдорҳои ғайриқонунӣ ва истеъмоли ғайритиббии маводи нашъаовар, бемориҳои сироятии ВНМО (бемории пайдошудаи норасоии масуният), пешгирӣ ва паст намудани зӯроварии хонаводагӣ дар ҷомеа маълумот пешниҳод намуданд.
Иштирокдорони вохӯрӣ ба саволҳои худ дар мавзӯҳои мазкур посухҳои пурра ва дақиқ гирифтанд.
Дар чорабинӣ ба иштирокдорон варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳо тақсим шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






