Арбоби барҷастаи сиёсат ва пешвои тоҷикони ҷаҳон
Ваҳдат, 21.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин ҷонибдории худро нисбат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» иброз намуда, доир ба Пешвои миллат эътироф шудани Эмомалӣ Раҳмон андешаҳояшро чунин баён намуд: Дар таърихи 19 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Сарвари давлат интихоб гардид. Аз рӯзи баргузории ин санаи таърихӣ, суханони аввали Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дилшикастаи кишвар чунин буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми малака ва таҷрибаи худро истифода бурда, ба ҳар оилаи тоҷику тоҷикистонӣ сулҳ меорам, инчунин ҳамаи гурезагонеро, ки берун аз марзи ҷумҳурӣ қарор доранд, ба ватан бармегардонам» .
Таҷриба нишон дод, ки роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқона вафо кард, бо заҳмату талошҳои беандоза Тоҷикистони кӯчакро ба як кишвари шукуфон табдил дод. Дар муддати начандон тӯлонӣ ӯ тавонист ба пешрафту дастовардҳои зиёде ноил гардад. Пӯшида нест, ки пешрафту тараққиёт танҳо дар натиҷаи сулҳу субот, оромию амният роҳандозӣ мешаванд. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёде рӯйи кор меоянд, ки маҳз барои пойдорӣ ва сулҳу субот нигаронида шудаанд. Ин ҳама нишондодҳои олӣ маҳз бо кӯшишу дастгирии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон ба маркази баргузории конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ табдил гардид.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






