Артиши Сурия ба мавқеъҳои ДОИШ муваффақона ҳамла меорад
Душанбе, 22.12.15. (АМИТ «Ховар»). – Артиши Сурия ба мавқеъҳои ДОИШ муваффақона ҳамла оварда, марзҳои Латакияро таҳти назорати худ мегирад.
Тавре ки манбаъҳо хабар медиҳанд, Артиши араби Сурия бо мусоидати Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Русия ва ҷанговарони Ҳизбуллоҳ қариб тамоми шимоли Латакияро озод намуда, даҳҳо теппаҳои стратегиро таҳти назорати худ гирифта, даҳҳо нафар террористонро нест намуданд.
Агентии иттилоотии ФОРС хабар медиҳад, ки 20 декабр қувваҳои ҳарбии Сурия силоҳбадастонро аз теппаҳои Рвейзет Адду, Кетф ал – Ҳарами ва Яқубер берун сохтанд. Ҳамаи се теппаи зикршуда байни ноҳияҳои Салма ва Кабани қарор доранд.
Васоити ахбори омма зимни истинод ба манбаи артиш хабар медиҳанд, ки «қӯшунҳои артиши Сурия ва қувваҳои мудофиаи миллии кишвар дар деҳаи ал – Кабир ба мавқеъҳои гурӯҳҳои ҷангиён ҳамла оварда, теъдоди зиёди силоҳбадастонро куштаю захмӣ намуда, деҳаро пурра таҳти назорати худ гирифтаанд».








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






