Ашт: «Мо дар атрофи Шумоем, Пешвои миллат!»
Ашт, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар маркази ноҳияи Ашт- шаҳраки Шайдон бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» роҳпаймоӣ баргузор гардид.
Дар роҳпаймоӣ бо шиори «Мо дар атрофи Шумоем, Пешвои миллат!» кормандони корхонаву ташкилот, муассисаҳо, одамони касбу кори гуногун ва наврасону ҷавонон иштирок намуданд.
Баъдан дар варзишгоҳи марказии ноҳия муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода дар назди иштирокдорони чорабинӣ зикр намуд: «Мақоми қонунгузори кишвар аз номи халқи мамлакат расман эътироф намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни фаъолияти сиёсиаш ба ҳайси Сардори давлат тавассути талошҳои пайгирона барои таъмини амнияту якпорчагии кишвар, сулҳу салоҳ ва хидматҳои беназираш дар ҷодаи фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва фаъолияти ҳар шахс ва шаҳрванд дар қалби мардум ҳамчун Пешвои миллат маъво гирифтааст, ки ин боиси ифтихори ҳар як фарди ватандӯст буда, мардуми ноҳияи мо низ аз қабули он фараҳманд мебошанд».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






