Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ: «Мартабаи «Пешвои миллат» амри воқеист»
Душанбе, 13.12.2015. (АМИТ “Ховар”). — Ман, шоири тоҷик, Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ муддати зиёда аз 4 моҳ ин ҷониб дар Тоҷикистон қарор дорам ва аз ин пеш ҳам мунтазам бо кори эҷодӣ ба Тоҷикистон омада мерафтам, ё ин ки иртиботи доимӣ доштам. Ҳангоми са-фарҳоям ба ш. Душанбе бо чашми сар дидаам, инчунин борҳо аз забони мар-думи касбу кори гуногун ва намояндагони қишрҳои ҷомеа шунидаам, ки онҳо дарҳақ нисбат ба Эмомалӣ Раҳмон меҳру муҳаббати зиёд доранд, ӯро дӯст медоранд. Ва аз ҳама муҳимаш меҳру муҳаббати халқ нисбат ба Эмомалӣ Раҳмон самимона ва аз таҳти дил аст. Ҳамин самимият, эҳтиром ва арзу сипоси миллати тоҷик ба Роҳбар, Сарвар ва Пешвои худ имрӯз ба таври мутантан зоҳир гашт.
Халқи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро он замоне, ки
Як Халқу Миллат ба қисмат бишуд,
Ҳаме андарун чоҳи зиллат бишуд.
Ҳаме шуд тазоҳим, ҳаме нохушӣ,
Ва сар зад ҳаме ҷанги додаркушӣ,
дар Қасри Арбоби Хуҷанди хуҷиста бо боварии комил ливои Миллатро ба ҷа-вони чиҳилсолаи ба камолрасида супурд.
Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро ба гарав монда, мухолифинро ба мадоро овар-да, дар Ватан Сулҳу Амнияту Ваҳдат барпо бинмуд.
Эмомалӣ Раҳмон баҳри барҳам додани марази маҳалгароӣ, як Давлати панҷ-порае, ки куҳҳои касногузари то ба абрҳо қадкашида, ба пайвандии он садди бузург буданд, гуфт “бо нохун бошад ҳам, куҳҳоро шикофта, ин давлати панҷпораро бо ҳам мепайвандам” ва дили сангини куҳҳоро шикофта, чор гу-заргоҳи васеи зеркӯҳӣ-нақбҳо (тунелҳо) — “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Чормағ-зак -Хатлон”, “Шар-Шар”, ҷамъ ба дарозии қариб бист километр бунёд наму-да, пораҳои аз ҳам ҷудоро ба ҳам пайванд кард ва Тоҷикистонро ба як кишва-ри бутуни ҳуқуқбунёд табдил намуд.
Яъне, Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба дигар Президентҳои Ҷумҳуриҳои Осиёии собиқ Иттифоқи Шӯравӣ барои пешрафти мамлакат, халқу миллат корҳое кард, ки номи ӯро дар таърихи миллат абадан сабт намуд.
Халқи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун “Пешвои миллат” эътироф карда буд ва имрӯз Маҷлиси намояндагони Маҷлисӣ Олӣ ин мартабаи олиро расман ба доираи қонунгузорӣ ворид кард.
Эмомалӣ Раҳмон ба миллати тоҷик ва Тоҷикистон ҳамчун фарзанди соди-қи миллат хизмат намуд, миллатро ҳам зарур аст, ки хизматҳои бузурги фар-занди худро қадр кунад ва воқен он рӯз даррасид, ки миллати тоҷик фарзан-дашро қадр намояд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори бузургеро ба сомон расонид. Қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — пешвои миллат” саривақтӣ буда, хизматҳои бузурги Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷи-кистон қадрдонӣ шуд ва боварии комил гуфта метавонам, ки ин иқдомро ҳар як фарди тоҷик, қатъӣ назар куҷоӣ буданаш сидқан пазируфт.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






